Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро келини хона ҷавонзани 20-солаи сокини ҳамонҷо содир намудааст. 
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми апрели соли 2026, тахминан соати 21:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинааш тамғаи “Дэу Лабо”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки беназорат меистод 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 12-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишото идома дорад.

14.04.2026 8:36
52