Боздошти ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 48-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки 10-уми апрели соли 2026, тахминан соати 23:10-дақиқа, як ҷавони ношинос аз назди маркази савдои “Ёвар”-и шаҳри Бохтар, ҳамчун мусофир дар автомашинаи тамғаи “Биайди”, нишаста ӯро ба ҳудуди деҳаи К.Гулови ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бурда мавриди лату куб қарор дода, аз дохили автомашинааш 800-сомониро бо тариқи ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Вахш содир намудааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















