Семинари таълимӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
10 апрели соли 2026 семинари таълимӣ дар мавзуи дур шудан аз истеъмоли маводи мадҳушкунанда ва ҳолати хуби инсонӣ, нақши варзиш дар пешрафти ҷомеа, одобу рафтори ҳамида ва дигар корҳои профилактикӣ ва тарбиявӣ дар байни тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар доир карда шуд.
Бо ибтикори Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин, муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Сангинов Ғолиб Некқадамович ва намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Алимов Баҳром баргузор гардид.
Сараввал меҳмонон аз шароит ва имкониятҳо барои илмомӯзии таълимгирандагон ва ҷойҳои машқу тамрингузаронии донишҷӯён дидан намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор таълимгирандагони муассисаи мазкур барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои варзишии волейбол, ки аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, бо ҷоизаҳо, дипломҳо, туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин қайд намудан ба маврид аст, ки барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории чорабинии мазкур як қатор омӯзгорону тарбиятгирандагон бо туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" ҳавасманд гардонида шуданд.
























