Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курси такмили ихтисос дар самти муқовимат ба савдои одамон 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.
Санаи 9 апрели соли 2026 дар мавзўи «Муқовимат ба савдои одамон» аз ҷониби Солиев Карим Ҳоҷиевич -  мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, дотсент, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия дарси омўзишӣ гузаронида шуд.
Генерал-майори милитсия Солиев К.Ҳ. изҳор дошт, ки ҳадаф ва мақсади омўзиши мавзўи муқовимат ба савдои одамон аз он иборат аст, ки тибқи Нқшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июли соли 2025 тасдиқ гардидааст, дар ҳамбастагӣ ҳамаи субъектони ваколатдор фаъолиятро дуруст ба роҳ монда, сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳама он омилҳои ба ин раванд монеагӣ кунандаро бартараф созем ва нуфузу эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.  
Ҳамчунин мавсуф дар идомаи суханронии худ қайд намуд, ки гурӯҳи корӣ дар ду соли охир таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, шумораи зиёди вохўриҳо дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиисияҳои ҳудудӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа, донишҷӯён, ҷавонон, ходимони дин, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор намуд ва ин чорабиниҳо идома доранд. 
Инчунин, конференсия ва семинарҳои омӯзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони васеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаю идораҳои давлатӣ баргузор шуда истодаанд.
Ҳамчунин, мавсуф доир ба кушишу тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.
Дар ҷараёни курси такмили ихтисос барои беҳтар гардидани  фаъолият дар самти муқовимат ба савдои одамон ва ноил гардидан ба пешравиҳо  дар ин самт аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Гул Маҳбуба

10.04.2026 19:10
84