Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 8-уми апрели соли 2026, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ҳангоми дар чорраҳаи деҳаи Фахрободи ҷамоати деҳоти Фахробади ноҳияи мазкур бо мақсади дар автомашинаи шахсиаш савор кардани мусофирон бо ронанда марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро мавриди лату куб қарор додаанд, ки гумонбаршаванда аз дохили автомашинааш як адад корди ошхонагиро гирифта бо мақсади расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ тавассути корд ду маротиба ба қисмати қафои дасти чапи ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.04.2026 8:16
48