Муайян шудани ғоратгарии ноболиғи 17-сола
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми апрели соли 2026, тахминан соати 09:00 ҳангоми дар дохили боғи Ғалаба воқеъ дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода писари ноболиғи 17-солааш сокини ҳамон ҷо қарор доштанаш Фарух ном шахс ӯро бе ягон асос мавриди лату куб қарор дода, бо роҳи ошкоро аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Редми НОТ-14” ва 50-сомониашро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















