Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МУАСИССАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ МАХСУСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

Бо ибтикори Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки муовини аввали Сардори РОПҲНҶ ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ,  муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин,
Директори МДТ "Литсей касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе" Раҳматов Юсуфалӣ,  Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Алимов Баҳром баргузор гардид.
Сараввал меҳмонон аз шароит ва имкониятҳо барои илмомӯзии таълимгирандагон ва ҷойҳои хоб диданд намуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ва дигар сарояндаҳо сурудҳои ватандӯстона ва машғулиятҳои шавқовар барои хушҳолии таълимгирандагон пешниҳод карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор таълигирандагони муассисаи мазкур барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, бо ҷоизаҳо, дипломҳо, туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин қайд намуданд ба маврид аст, ки барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории чорабинии мазкур як қатор омӯзгорону тарбиятгирандагон бо туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" ҳавасманд гардонида шуданд.
Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ барои таълимгирандагон дастархони идона ороста гардид, ки ин амали хайр фазои меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмиро боз ҳам таҳким мебахшад.

06.04.2026 17:05
29