Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Наҷмуддинов Баҳриддин Сайфиддинович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаркат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти ноҳияи Шаҳринав, дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар рӯ ба руӣ деҳаи Сешанбеи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада автомашинаро чапа намудааст.
Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, падараш Наҷмуддинов Сайфиддин Нуриддинович, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри мазкур ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҷумазода Ҳикматулло Ғайбулло, соли таваллудаш 1999, сокин ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Полвонов Зафар Ёқубович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Полвонов З.Ё. ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 2-юми апрели соли 2026, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















