Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии сокини 31-солаи пойтахт

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар наздикии бозори «Саховат» дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини пойтахт даромада, аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи феврали соли 2026, давра ба давра 329 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

02.04.2026 8:08
44