Ҳалокати ронанда ва мусофир дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
30-юми марти соли 2026, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Каримов Муҳаммадкарим Абдулкаримович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд, дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар километри 173-юм ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Даф», таҳти идораи ронанда Латипов Шерҷон Шеринқулович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Истаравшан бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Каримов М ва мусофири дохили автомашинаи мазкур буда, Шодиева Ситорамо Шеровна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Гулистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















