Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нақлиётӣ

29-уми марти соли 2026, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи (Мототсикли) дучархаи тамғаи “Супер-Уқоб- Аслӣ” Салимов Фаромуз Ҳотамович, соли таваллудаш 2004, ҳангоми ҳаракат  аз самти ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор ба самти ҷамоати шаҳраки Фархор дар вақти расидан ба деҳаи Аловуддини ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, бо мототсикли тамғаи “Супер Ашена” таҳти идораи марди 28-солаи сокини ноҳияи Фархор бархурдааст.
Дар натиҷа худи ронандагон Салимов Ф.Ҳ ва Наимов М.Ф. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони онҳо Ҳайдаров Зиёвуддин Қиёмуддинович, соли таваллудаш 1998 ва Умаров Некруз Зарифович, соли таваллудаш 2005, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

31.03.2026 8:12
43