Ошкор шудани кирдори қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи майи соли 2023, ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ назди толори варзишии (Парвиз Собиров) қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини пойтахт даромада, ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”, ки арзишаш 40 ҳазор доллари амрикоиро дода, бар ивазаш аз ҷабрдида хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба маблағи 103 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки пас аз хонаро ба фурӯш баровардан боқимонад маблағи 63 ҳазор доллари амрикоиро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда хонаи истиқоматии аз ҷабрдида гирифтаашро ба шахси ба тафтишот номаълум ба маблағи 85 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, аз ин маблағ 5 ҳазор долларро ба ҷабрдида баргардонида, боқимонда маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдида 58 ҳазор доллари амрикоӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















