Ифшо шудани якчанд ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи марди 56-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон 5-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 29, 36 ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиашон 1-адад дучархаи мотосиклро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 22-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз 1 то 19-уми марти соли 2026, аз набудани соҳибхона истифода бурда, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 1-адад ноутбуки тамғаи “Линова”, арзишаш 7 ҳазору 500-сомонӣ, 1-адад дастбанди тиллоӣ, ки арзишаш 12 ҳазор сомонӣ ва 12-адад бозичаҳои кӯдакона, ки арзишашон 5 ҳазор сомониро ташкил медоданд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда ҷамъ 24 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 39-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


















