Ошкор шудани ҳолати ташкили фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 20-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми марти соли 2026, хонаи ба иҷорагирифтааш дар ноҳияи Шоҳмансур воқеъ бударо ба фоҳишахона табдил дода, аз марди 33 ва зани 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 700-сомонӣ тариқи корти “Душанбе-ситӣ” гирифтааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 24-уми марти соли 2026, хонаи ба иҷорагирифтааш дар ноҳияи Шоҳмансур воқеъ бударо ба фоҳишахона табдил дода, аз ҷавони 23 ва ҷавонзани 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан, шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 700-сомонӣ тариқи корти “Душанбе-ситӣ” гирифтааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 26-уми марти соли 2026, хонаи ба иҷорагирифтааш дар ноҳияи Шоҳмансур воқеъ бударо ба фоҳишахона табдил дода, аз марди 36 ва зани 34-солаи сокинони шаҳрҳои Ҳисору Бохтар, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 600-сомонӣ тариқи корти “Душанбе-ситӣ” гирифтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















