Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми марти соли 2026, тахминан соати 00:13-дақиқа, ҳамсараш зани 42-солаи сокини ҳамонҷо бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми хоб буданаш телефони мобилиашро гирифта, ба ҳамёни электронии “Душанбе-ситӣ” даромада, аз корти ҷабрдида ба корти худаш маблағи пулии се ҳазор сомониро интиқол дода, ба ҷабрдида зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 21-уми марти соли 2026, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахси номаълум дар кӯчаи М.Мастонгулови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ  аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13-про”, ки арзишаш 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 56-солаи сокини  пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 7-уми марти соли 2026, тахминан соати 21:20-дақиқа, ҳангоми дар дохили мағозаи “Гуля-Голд”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷо 1-адад ангуштарини тиллоии занонаро, ки арзишаш 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини шаҳри Исфара, пеш соли 2024 бо қисми 1 моддаи  237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2025, тахминан соати 00:03 бо роҳи пинҳонӣ аз саҳнаи ҳавлии ҶДММ «Исфара-Сохтмон», воқеъ дар шаҳри Исфара, ки ба марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, як чанд намуд таҷҳизоти кафшергариро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 50 ҳазору  400-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

28.03.2026 8:16
67