Ифшо шудани кирдори қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, ҳангоми дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб қарор доштанаш аз ҷабрдида бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат бо воситаи бародараш марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми дар кӯчаи А.Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш 2-адад бастаи ҷавоҳиротҳои тиллоӣ бо алмос бар ивази 58 ҳазор доллари амрикоӣ ва маблағи 2 ҳазор доллари амрикоӣ, дар маҷмуъ 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки ба пурраги маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.














