Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми феврали соли 2026, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинааш тамғаи “Тойота Кемри”, ки дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беназорат меистод, 3-адад телефони мобилии гуногун тамға ва 1-адад таҷҳизоти тамокуи электрониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

26.03.2026 8:48
30