Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошии ҷавони 25-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми марти соли 2026, тахминан соати 12:00 ҳангоми дар назди нуқтаи шустушӯи автомашинаи «Ромия» воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, қарор доштанаш бо марди 59-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, аз ҳиссиёти авбошӣ баҳсу муноқиша намуда, бо як адад бели хоҷагӣ ба сари ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. 
Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона бистари гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.03.2026 8:41
89