Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ ба муносибати иди Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд санаҳои 22 – 24 март бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, ки роҳбариашро вазирии корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба уҳда дорад, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар доираи бозиҳои наврӯзии  кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд. 
Дар чорабинии варзишӣ, ки 3 рӯз идома ёфт наздик 100-нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои дӯсту  ҳамсояи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. 
Дар маросими кушодишавии мусобиқа, ки бо сароидани суриди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, раиси вилояти Суғд Раҷаб Ахмадзода, намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар, Федератсияи миллии шиноварии мамлакат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон иштироку суханрони намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ ҳозиринро ба ҷашни ниёгонамон Наврӯз табрик намуда қайд кард, ки Наврӯзи байналмиллалӣ воқеъан ҷашни фарҳангӣ ва таърихии баҳор ва эҳёи табиат буда бо шодиву хурсандии зиёд ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натанҳо ҳамчун ҷашни сарсабзии табиат ва гиромидошти суннату анъанаҳои гузаштагон таҷлил мешавад, инчунин бо рамзи сулҳу иттиҳод ва эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун табдил ёфтааст. Ҳамчун анъана ба муносибати ин ҷашни мардумӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд ва он рамзи солимии ҷисмонӣ ва равонӣ пазируфта шудааст. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини яккуми Шӯрои ҷамъиятии “Динамо”-и Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Салават Гайшин барои дар сатҳи баланд роҳандози гардидани ин чорабинии варзишӣ ба Федератсияи миллии шиноварӣ ва МИҲД вилояти Суғд изҳори минатдорӣ намуда қайд карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва мустаҳкамии алоқаи дустӣ заминаи мусоид мегузорад. 
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Миллати ҷисман солим рӯҳан низ солиму муқтадир мешавад”. Маҳз бо назардошти ин нукта бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини Истиклолияти давлатӣ дар кишвари азизамон -Тоҷикистони соҳибистиклол ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба мустахкам намудани пойаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуд. 
Дар ин замина, дар сатҳи давлатӣ ҷиҳати  рушди соҳаи варзиш як силсила қарору барномаҳо қабул ва амалӣ карда шуда, барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Пешвои муаззами миллат нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хосса касб намоянд. Варзишгарони ҷумҳурӣ дар чемпионатҳои ҷаҳон, осиё ва байналмилалӣ бо маҳорати хосса қувваозмоӣ намуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шуда истодаанд. Бо баробари ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни варзиш дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шиноварӣ яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо шумораи дустдорони ин намуди варзиш аз ҳисоби ҷавонону наврасон то рафт меафзояд ва роҳбарияти федератсия талош бар он доранд, ки майли ҷавонон боз ҳам бештар шавад.
Варзишгарони кишвар дар риштаи шиноварӣ Фахриддин Махкамов, Екатерина Бордачова, Олимчон Эшонов, Сафия Ғозиева, Анастасия Тюрина ва дигарон борҳо дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ Парчами кишвари азизамонро боло бардоштаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули ҳамаҷонибаи насли ҷавон ва такомули ҷисмонии онҳо шароити мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Варзишгарони кишвар алҳол аз ин шароиту имкониятҳо ҷиҳати беҳдошти маҳорати варзишии худ васеъ истифода мебаранд.
Мусобиқаи навбатии байналмилалӣ аз намуди шиноварӣ, ки тайи 3 рӯз аз руйи намудҳои тарзи озод, шинокунии пуштнокӣ, брасс, баттерфляй, эстафетаи гуруҳӣ  дар масофаҳои гуногун ҷараён гирифт, шиноварони мамлакат маҳорати худро дар сатҳи намоён нишон доданд.
Сол аз сол дар кишвари мо шиноварӣ рушд карда истодааст. Айни ҳол барои оммавияти ин намуди варзиш аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шиноварии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Варзишгарон дар ҳама намудҳои дар мусобиқа пешбинишуда маҳорату малакаи худро нишон дода, барои дарёфти мақомҳои фахрӣ байни ҳам маҳоратсанҷӣ карданд. Дар намудҳои зикршуда ҳакамон ғолибону ҷоизадоронро муайян ва ба ғолибон Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Ёдрас мешавем, ки ташкил ва баргузор гардидани мусобиқаи мазкур ба рушди варзиши шиноварӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва бори нуҳум аст, ки ҷумҳурии мо мизбони чунин чорабиниҳои сатҳи баланд мешавад. Бо ташаббуси Федератсияи милии шиноварии Тоҷикистон тайи солҳои охир масъулини соҳа баҳри тарбияи шиноварони касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда бунёди иншоотҳои таъиноташон барои баргузории мусобиқаҳои обӣ пешбинишуда дар ин самт мусоидат мекунад.Умед аст дар ояндаи наздик шиноварони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчами кишварамонро боло мебардоранд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

25.03.2026 20:11
49