Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани се ҳодисаи нақлиётии марговар

23-юми марти соли 2026, тахминан соати 17:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Акбаров Комилҷон Каримҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат  дар роҳи мошингарди  ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом,  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми ақиби автомашинаи тамғаи «Киа Спортейч», таҳти идораи ронанда, Расулов Мансур Эсанбоевич, соли таваллудаш 1979, шаҳри мазкур бархӯрда, аз роҳ  баромада, ба канори чапи роҳ  чаппа шудааст. 
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Туранова Ирода Латифовна, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми марти соли 2026, тахминан соати 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВYD», Алишери Амирализода, солаи таваллудаш 1991, сокини ноҳияи ш.Шоҳин ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Дарвоз, воқеъ дар километри 213-уми маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Теҳрайи ноҳияи ш.Шоҳин, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба  автомашинаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи Ҳайдаров Саидбурҳон Ҳисайнович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Ҳайдаров С.Ҳ. ва писари ноболиғаш Сайдмумини Сайдбурҳон, соли таваллудаш 2020, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхона ба ҳалокат расиданд. 
24-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи мототсикл Мустафоев Турдиали Бахтиёрович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат  дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ» дар ҳудуди шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи мототсиклаш набаромада, ба қисми ақиби автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21011», таҳти идораи ронанда Утаев Ойбек Суярқулович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст. 
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Мустафоев Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

25.03.2026 8:09
73