Муайян шудани ҳолати дуздии телефони мобилӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи ҶДММ “999”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорони ҳамин ноҳия, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-16 про макс”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















