Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 43 ва 41-солаи сокинони ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудаанд. 
Гумонбаршавандагон моҳи феврали 2025, бо роҳи фиреб ба боварии зани 40-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба миқдори 12 сотиқ аз  кӯчаи Саидови ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, маблағи 600 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.03.2026 8:10
75