Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 36, 37, 42, 28 ва ҷавонони 22, 23-солаи сокинони ноҳияи Деваштич ва дигарон, 16-уми марти соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар маркази деҳаи Қалъаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур қарор дошта, барои бозии футбол байни ду деҳа нисбати якдигар баҳсу мунозира карда, ҷанҷол намуда, якдигарро мавриди лату куб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














