Мулоқот бо Директори генералии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена – мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODC)
17 марти соли 2026 дар ҳошияи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки рӯзҳои 16–17 марти соли 2026 дар шаҳри Вена баргузор гардида истодааст, вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон бо Директори генералии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена – мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ҷон Брандолино баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизми радикалӣ, савдои одамон, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои такмили ихтисоси касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бо қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд



















