Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои ташкил фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 38-солаи сокини шаҳри Бӯстон, 11-уми марти соли 2026, дар ҳудуди шаҳри Бӯстон мардони 34 ва 49-солаи сокинони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Деваштичро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо занони 29 ва 41-солаи сокинони шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон шинос намуда, ҳаққӣ хизмат аз онҳо 900-сомонӣ мукофтпулӣ гирифтааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.03.2026 8:35
52