Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи феврали соли 2025 хонаи истиқоматии дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе воқеъ бударо дар сомонаи иҷтимоӣ ба маблағи 290 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта, зани 61-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, хонаи истиқоматии дар савдобударо ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки боқимонда маблағи пулиро дар муддати 3-моҳ оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда пас аз гузаштани муҳлат хонаи истиқоматиро ба дигар нафар фурӯхта маблағҳои аз ҷабрдида гирифтаро азонихуд намуда, ба ҷабрдида 142 ҳазор сомонӣ зарари калони молу мулкӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















