Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Нимаи дуюми рӯзи 10-уми марти соли 2026 аз ҷониби Раиси комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон муҳтарам Аламшозода А.А. дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва сардори Раёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, Воҳиди таъиноти махсуси зидди террористии “Алфаи“- Раёсати КДАМ дар ВМКБ, командир ва хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 01123 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва кормандони РВКД дар ВМКБ Раесати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки 400 нафар вохӯрӣ доир намуданд.
Вохӯрие, ки имрӯз баргузор гардидаистодааст, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳмонда шудааст.
Мавсуф вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ба самъи иштирокчиён маълумот дода қайд карданд, ки соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон 157 лаҳзаи ҷиноят бо оғози 56 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 73 нафар - 46 мард ва 27 зан ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 47 нафар гумонбарони ҷиноят дастгиргардидаанд, ки 64,4 фисади дастгиршудагонро ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки 26 нафар гумонбарони ҷинояти мазкур то ҳол дар озодӣ боқӣ мондаанд.
Илова бар ин, Аламшозода А. дар баромади худ дар бораи хавфу хатар ва оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб иштирокчиёнро дорои маълумот карда, вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ, савдои кӯдакон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии содиршуда мисолҳои мушаххас овпрданд. Илова бар ин, Аламшоҳода А. дар сӯҳбати худ дар бораи шаклҳои нави содиршавии ҷиноятҳо аз ҷумла, пайвандсозии ғайриқонунии узв ва бофтаҳои инсони ё ин, ки ҳамчун объекти озмоиши қарор гирифтани одам, қайд карданд.
Ҳамзамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода А.А. дар ҷаласаи мазкур баъзан масъалаҳои ташвишоварро вобаста ба вазъи ҷинояткории ВМКБ, аз ҷумла фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, ихтиёран ба ватан баргардонидани аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ифротшавии ҷомеа, қочоқи ғайриқонунии силоҳу аслиҳа, сангҳои қиматбаҳо, воситаҳои нашъадор, таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон, монеъ шудани падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба гирифтани таълимоти ҳатмии умумӣ, худкушӣ, ғайриқонунӣ ишғол гардидани қитъаи замин, машғул шудан ба сеҳру ҷоду, тарбияи ноболиғону ҷавонон дар руҳияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ, бо дониши хубу аъло таҳсил намудан, ахлоқу интизоми намунавӣ доштан, ҳамзамон дар оянда соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидану ба давлату миллат хизмат кардан сухарронӣ намуданд. Дар рафти чорабини бо мақсади огоҳ кардан аз оқибатҳои ин ҷиноятҳо ва дорои маълумоти иловаги кардани иштирокчиён аз ҷониби олимону мутахассисони соҳави аз ҷумла, профессори Донишгоҳи милли Шарипов Т., мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Солиев К.Ҳ., прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакии Прокуратураи генерали, ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, ваколатдори калони оперативии Маркази муқовимат ба савдои одамони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрони карда шуд.

10.03.2026 16:19
93