Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар
7-уми марти соли 2026 бахшида ба Рӯзи Модарон дар Муассисаи давлатии театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, меҳмонон, роҳбарият ва корманд занони ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардид.
Ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозирин бонувону меҳмононро бо ҷашни зебою фархунда - рӯзи Модар, ки ба оғози фасли баҳор рост меояд ва яке аз муҳимтарин ҷашни давлатӣ дар ҷумҳурии мо ҳамасола қайд мегардад табрику таҳният намуда, барояшон хушбахтӣ, рӯзгори осуда, ободии хонадон ва дар кору фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ бо итминон баён дошт, ки бонувони мақомоти корҳои дохилӣ бо дарки баланди масъулият ва ҳисси милладӯстиву ватанпарастӣ дар қатори мардон вазифаҳои худро сарбаландона иҷро менамоянд ва қайд намуд, ки Зан-Модар пеш аз ҳама тарбиятгар, насиҳатгар, нигоҳдорандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари оину анъанаҳои волои гузаштагон, сарчашмаи генофонди асосии миллат мебошад. Зани тоҷик аз замонҳои қадим бо сифатҳои накӯву ахлоқи ҳамида ва зеҳни тез, модари фарзандони донишманди башар шинохта шудааст.
Зимни суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз дастгириву қадрдонӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати модарон, занону бонувони миллати тоҷик ёдовар шуда қайд кард, ки Сарвари давлат доимо вобаста ба нақши зан чунин таъкид мекунанд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми зан - модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».
Ҳамзамон қайд намуд, ки зан-модар тарбиятгари миллат мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то занон босаводу соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд.
Ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва чандин санадҳои меъёрии дигар тадбирҳое мебошанд, ки татбиқи онҳо, нақши занонро дар давлатдориву корҳои ҷамъиятӣ ва умуман ҳаёт боз ҳам таъсирбахшу фаъолтар мегардонад.
Ин ҳуҷҷатҳо дар баробари он, ки дурнамо ва ояндаи хуби пешрафти зани тоҷик ва боло рафтани мақоми ӯро дар ҷомеа муайян менамояд, инчунин, моро уҳдадор мекунанд, ки тамоми кӯшиши худро баҳри татбиқи онҳо ба хотири пешрафти кишвар ба харҷ бидиҳем, зеро дар шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол занону модарони тоҷик, ки зиёда аз нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дар таълиму тарбияи насли нав, пешрафту шукуфоии кишвар ва иқтисодиёти он, бозёфтҳои эҷодиву фарҳангӣ, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург доранд.
Дар идомаи баромади худ роҳбари аввали Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгириҳои роҳбарияти ҳукумати мамлакат нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афзудани кормандзанони ин ниҳод дар вазифаҳои роҳбарикунанда сухан ронда қайд намуд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтариба дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни фаъолияти мақомот саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.
Имрӯз дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз 1500 нафар занон фаъолияти хизмативу меҳнатӣ мебаранд, ки қариб 500 нафарашон ҳайати роҳбарикунанда ва миёнаро ташкил медиҳанд. Дар ҳифзи низому тартиби ҷомеа нақши онҳо беназир аст. Барои кору фаъолият намудан ба занҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароитҳо муҳаё карда шудааст.
Дар фароварди суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори боварӣ намуда қайд кард, ки зану бонувони мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ баҳри ҳифзи қонунияти конститутсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар саҳми босазои худро мегузоранд.
Бори дигар ҳозиринро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, барояшон тандурустиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзӯ намуд.
Дар идомаи чорабинии бошукӯҳ таронаву сурудҳои дилнишин дар васфи «Модар», «Ватан», «Баҳор», ки дар иҷрои сарояндагону овозхонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ Муҳаммадрофеи Кароматулло, Амирҷон Рузиев, Таманно Алидодова, Аҳмади Сайдик, Фахриддини Малик, инчунин овозхонони оркестри эстрадии «Гулшан» ва дигарон танинадоз гардид, ки ба ин чорабинии идона ҳусну таровати тоза бахшид.
Ҳамзамон ҳунарпешагони гурӯҳҳои рақсии «Падида», «Ҷаҳоноро» ва ансамбли кудаконаи «Зебо» бо рақсҳои ҷазобу маҳини худ ин ҷамъомади идонаро рангин намуданд.
Р.Илёсзода





























