Ташаббуси идона нисбати бонувон аз тарафи милитсияи Суғд
Бо дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба иди умумиҷаҳонии Рӯзи Модар масъулини шуъбаи БДА Раёсат ва зерсохторҳои он дар миқёси вилоят давоми ду рӯз санаҳои 7 ва 8 март иқдоми тақдими гулу туҳфаҳо ба бонувони ронанда ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби ҷинси латифро роҳандози хоҳанд кард. Чорабинии мазкур зери шиори “ Зан – Модар арзандаи эҳтиром аст” баргузор гардида, гувоҳи аз он мебошад, ки қадру қиммати зан ва эҳтироми ӯ дар ҷомеа мавқеъи хос дорад.
Таҷлили Рӯзи Модар дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи мақомотҳои давлатӣ ба ҳаёту фаолияти занҳо ин пеш аз ҳама эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯ мебошад.
Нозирони бозрасӣ дар рафти хизматбарӣ бо чеҳраи кушод ва суханҳои табрикотӣ занҳоро бо армуғонҳои идона пешвоз мегиранд. Зеро Рӯзи Модарон рӯзест, ки ҳар як шахс бо амалу рафтор муҳаббати худро нисбати Зан – Модар баён медоард. Дар ин рӯз ҳар як зан бояд эҳсос кунад, ки натанҳо барои наздикон балки барои аҳли ҷомеа фарди арзишманд аст.
Инчунин бахшида ба Рӯзи Модар роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба кормандони БДА дастур дод, ки дар сурати муайян кардани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби зан-ронандаҳо ё пиёдагард аз ҳисоби ҷинси латиф ҳуқвайронкунанда танҳо бо бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ рухсат дода шавад ба шарте, ки агар қоидавайронкунӣ дағал набошад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи Суғд тамоми бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда хоҳони он аст, ки ҳамеша азизу муътабар ва солиму сарбаланд бошанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.





























