Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳодисаи нақлиётии марговар

6-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомобили боркаши тамғаи “Хундай Портер”, Яқубов Фозил Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми гардиш намудан дар чорроҳаи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи мазкур пиёдагард Мирзоева Мамлакат Авғоновна, соли таваллудаш 1962, сокини ҳамин ноҳия, ки роҳро аз самти рост ба самти чап убур мекард пахш намудааст.
Дар натиҷа Мирзоева М.А. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Инчунин 6-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “GEELY Geometry”, Назаров Дилшод Баротович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Сино аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абдураҳмонов Умар Акмалҷонович, соли таваллудаш 2015, сокини пойтахтро, ки роҳи мошингарди мазкурро убур мекард пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Абдураҳмонов У.А. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

07.03.2026 8:29
42