Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздии телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки 3-юми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди утоқи кориаш ҶДММ “Беҳрӯз-хайр” воқеъ дар кучаи Ҷ.Румии шаҳри Бохтар шуда, аз он ҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галекси С25-ултро”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷиняоти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

07.03.2026 8:27
28