Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба роҳзанӣ задани марди 28-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 50-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 5-уми марти соли 2026, тахминан соати 23:00 шахси номаълум муҷаҳаз бо корд, ниқоб, скоч, дастпуш, дастбанд (хамут) дар рӯяш ниқоб пушида бо роҳи пинҳонӣ бо девори манзили истиқоматиаш ворид шуда, ӯро дар дохили ҳоҷатхона бо корд таҳдид карда баъдан корди дар дасташ бударо ба гулӯяш гузошта аз ҷабрдида 50 ҳазор долари амрикоӣ талаб намудааст.
Ҷабрдида ба ӯ ваъда додааст, ки аз дохили манзили истиқоматиаш маблағи талабшударо гирифта медиҳад ва худашро аз дасти шахси номаълум раҳо карда ба дохили манзили истиқоматиаш рафта барои муҳофизати ҳаёту саломатии худ ва аҳлу оилааш аз дохили ҳуҷраи хобаш яроқи шикории шахсияш, ки тамғаи “К-16 думила”-ро гирифта ба тарафи шахси ниқобпуш тир холи намудааст, ки дар қисми поёни шикамаш бархурда дар натиҷа охирин ҷароҳат бардошта дар ҳудуди манзили истиқоматии ҷабррдида аз ҳуш рафтааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини шаҳри Турсунзода содир кардааст, аз ҷойи ҳодиса далелҳои шайъи корд, ниқоб, скоч, дастпуш, дастбанд (хамут) дарёфт ва гирифта шуд. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

07.03.2026 8:16
61