Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бюрои миллии марказии Интерпол

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, ҷинояткорӣ низ хусусияти фаромиллӣ касб намудааст. Терроризм, қочоқи маводи мухаддир, савдои одамон, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона аксаран аз ҳудуди як давлат берун рафта, ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои гуногунро талаб менамоянд. Дар чунин шароит нақши Интерпол хеле муҳим мебошад.
       Дар ҳар як давлати узви Интерпол Бюрои миллии марказӣ таъсис дода мешавад, ки фаъолияти ҳамоҳангсозии байналмилалиро дар сатҳи миллӣ таъмин мекунад.
       Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Интерпол (Созмони байналмилалии полиси ҷиноятӣ) мебошад. Ин созмон яке аз бузургтарин ниҳодҳои ҳамоҳангсози ҳамкориҳои полисии кишварҳои ҷаҳон ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба шумор меравад.
        Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2004 дар 182-юмин Ассамблеяи генералии Интерпол, ки дар Мексика баргузор гардида буд, расман ҳамчун давлати аъзои Интерпол пазируфта шуд.
       Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2005, №16-1 Бюрои миллии марказии Интерпол дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.   
Бюрои миллии марказии Интерпол сохтори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мақоми раёсати мустақилро доро аст. Дар доираи салоҳияти худ ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноятӣ таъмин менамояд. Бюро тибқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ амал мекунад.
         Бюрои миллии марказии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои ду шуъба мебошад:
 -шуъбаи таъминоти иттилоотӣ-техникӣ;
 -шуъбаи ҷустуҷўи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ.
        Бюрои миллии марказии Интерпол намояндаи расмии давлат дар шабакаи Интерпол буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, гумрук, судҳо ва дигар сохторҳо ҳамкорӣ мекунад.
Самтҳои асосии фаъолияти Бюрои миллии марказии Интерпол:
1. Мубодилаи иттилооти байналмилалӣ.
       Яке аз вазифаҳои асосии Бюрои миллии марказии Интерпол - мубодилаи фаврӣ ва боэътимоди маълумоти ҷиноятӣ мебошад. 
        Тавассути низоми алоқаи ҳифзшудаи Интерпол чунин маълумот ирсол ва қабул карда мешавад:
- маълумот дар бораи шахсони дар ҷустуҷў қарордошта;
- ашёҳои дуздидашуда (нақлиёт, ҳуҷҷатҳо, асарҳои санъат);
- маълумоти биометрӣ (изи ангушт, ДНК);
- маълумот дар бораи гурӯҳҳои ҷиноятӣ.
        Ин раванд имконият медиҳад, ки ҷустуҷў ва ошкорсозии ҷиноятҳо суръат гирад.
2. Ҷустуҷўи байналмилалӣ ва огоҳиномаҳо.
         Бюрои миллии марказии Интерпол ташаббускор ё иҷрокунандаи эълони ҷустуҷўи байналмилалӣ мебошад. Интерпол як қатор огоҳиномаҳо (Notices) дорад, аз ҷумла:
- огоҳинома бо бурҷи сурх – ҷустуҷў ва дастгир кардани шахсони дар кофтуков қарордошта бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва судӣ, ё адои минбаъдаи ҷазо;
- огоҳинома бо бурҷи кабуд – ҷамъоварӣ намудани маълумоти иловагӣ нисбати шахсият, ҷойи буду бош ва ҳаракатҳои шахс вобаста ба ҷиноят;
- огоҳинома бо бурҷи сабз – огоҳикунонӣ дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи шахс, ҳангоме, ки ў эҳтимолан ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дошта бошад;
- огоҳинома бо бурҷи зард – мусоидат дар муайян намудани шахсони беному нишон гумшуда, бахусус ноболиѓон, инчунин шахсоне, ки дар бораи шахсияташон маълумот дода наметавонанд;
- огоҳинома бо бурҷи сиёҳ – айнияткунонии ҷасадҳои шахсияташон номаълум;
- огоҳинома бо бурҷи норанҷӣ – огоҳикунӣ дар бораи ҳодиса, шахс, объект ё раванде, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдиди ҷиддӣ ва пешгиринашаванда дорад;
- огоҳинома бо бурҷи бунафш – дарёфт ва пешниҳоди маълумот дар бораи тарзи содир гардидани ҷиноят, объект, таҷҳизот ва шаклҳои пинҳонкунӣ, ки аз тарафи ҷинояткорон истифода мешаванд;
- огоҳинома бо бурҷи махсуси Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид-Интерпол – шахсони алоҳида ё гурўҳи шахсоне, ки таҳти таҳрими Кумитаи Шўрои амнияти СММ қарор доранд.

3. Мубориза бар зидди терроризм.
       Бюрои миллии марказии Интерпол дар ҳамкорӣ бо сохторҳои амниятӣ баҳри мубориза бо терроризм чунин корҳоро амалӣ мекунад:
- мубодилаи маълумот дар бораи гурӯҳҳои террористӣ;
- муайян намудани шахсони шомил ба фаъолияти экстремистӣ;
- назорати ҳаракати байналмилалии гумонбарон.
4. Мубориза бар зидди қочоқ ва ҷиноятҳои муташаккилона.
- қочоқи маводи мухаддир;
- савдои одамон;
- муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- гардиши ғайриқонунии силоҳ;
- қочоқи молҳои фарҳангӣ.
     Бюрои миллии марказии Интерпол дар амалиётҳои муштараки байналмилалӣ иштирок намуда, бо мақомоти марбута ҳамкорӣ мекунад.
5. Мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ.
- мубодилаи маълумот дар бораи ҳамлаҳои киберӣ;
- муайян кардани шабакаҳои қаллобии онлайн;
- ҳамкорӣ дар тафтиши ҷиноятҳои марбут ба интернет.
6. Истирдоди ҷинояткорон.
     Дар ҳолате, ки шахси дар ҷустуҷў қарордошта дар хориҷи кишвар дастгир мешавад, Бюрои миллии марказии Интерпол:
- ҳуҷҷатҳои заруриро омода мекунад; 
- робитаро бо мақомоти кишвари дахлдор ба роҳ мемонад;
- раванди ҳуқуқии истирдодро ҳамоҳанг месозад.
7. Таҳлил ва пешгирии ҷинояткорӣ.
Бюрои миллии марказии Интерпол на танҳо бо ошкорсозӣ, балки бо пешгирии ҷинояткорӣ низ машғул аст. Таҳлили маълумоти оморӣ ва оперативӣ имкон медиҳад, ки: 
- тамоюлҳои нави ҷинояткорӣ муайян карда шаванд;
- чораҳои пешгирикунанда пешниҳод гарданд;
- стратегияҳои мубориза такмил дода шаванд.
8. Ҳамкории байналмилалӣ.
Бюрои миллии марказии Интерпол бо 196 давлати узви Интерпол ҳамкорӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
- ирсоли дархостҳо ва посухҳо;
- иштирок дар семинару машваратҳо;
- омӯзиши мутахассисон;
- амалиётҳои муштараки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.
Бюрои миллии марказии Интерпол сохтори муҳими ҳамоҳангсозандаи байналмилалӣ мебошад, ки дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ нақши калидӣ мебозад. Тавассути мубодилаи иттилоот, ташкили ҷустуҷўи байналмилалӣ, иштирок дар амалиётҳои муштарак ва таҳлили ҷинояткорӣ, он ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва суботи ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Дар шароити муосир, ки таҳдидҳои ҷиноятӣ мураккаб ва фаромиллӣ гардидаанд, фаъолияти самараноки Бюрои миллии марказии Интерпол омили муҳими амнияти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

БММ Интерполи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.03.2026 18:41
39