Содир гардидани кирдори қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан, 12-уми августи соли 2024, дар ҳудуди шаҳри зикр шуда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини онҷо даромада, бо ваъдаи харидори ва ҳуҷҷатгузори карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан аз ӯ 1 милиону 220 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














