Муайян шудани ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намудааст, ки 21-уми феврали соли 2026, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулфи дари дӯконаш, воқеъ дар дохили ҶДММ “Бозори марказӣ”-и шаҳри Турсунзода дохили он шуда, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Шаҳринав содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















