Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ҳодисаи ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 24-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:00 ҳангоми дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи ошкоро аз дасти ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-12», ки арзишаш 2 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

05.03.2026 8:20
36