Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати се нафар дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

2-юми марти соли 2026, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Lexus RX 350”, Хоҷаев Фурқат Шодиевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар рў ба рўи бинои корхонаи “Сементи тоҷик” аз уҳдаи идора автомашина набаромада ба девори бетонии канори рости роҳ бархўрдааст.
Дар натиҷа ронанда Хоҷаев Ф.Ш. мусофираш Шарипов Абдукарим Шарифович, соли таваллудаш 2001 ва Раҷабов Нодир Собирович, соли таваллудаш 2001 сокинони ноҳияи Варзоб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Исматзода Шафиҷон Фахриддин, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

04.03.2026 8:37
93