Қасдан несту нобуд кардани молу мулк
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 2-юм ба 3-юми марти соли 2026, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои нигоҳдории мошин (гараж) даромада, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра F”-ро оташ задаанд.
Дар натиҷаи сӯхтор қисми пеши муҳарики нақлиёт сӯхта зарар дидааст.
Зарари расонишуда 7 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.















