Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 2-юм ба 3-юми марти соли 2026, тахминан соати 02:00 шахсони номаълум аз назди хобгоҳи “Муроди-Боқї”, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро тасарруф намудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















