Дар вилояти Суғд таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро баррасӣ карданд
Санаи 27 феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ғайринавбатии Комиссияи вилоятӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ баргузор шуд. Чорабинии мазкур таҳти раёсати роҳбари Комиссияи минтақавӣ муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, бо иштироки намояндагони комиссияи ҷумҳуриявӣ муовини сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҳматшо Ҳусайнзода, мушовири калони сардори РБДА ВКД Абдусаттор Холовва ҷалби ҳайати Комиссияҳо аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин масъулини ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва ва дигар сохторҳои давлатии роҳу нақлиёт ҷараён гирифт. Масъалаи асосии мавриди таваҷҷуҳ дар амал тадбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт мебошад. Зеро коргузори дар ин самт ба ҳифзи ҳаёту саломатии иштирокчиёни ҳаракат алоқамандии бевосита дошта бехатрии онҳоро таъмин мекунад.
Маърӯзачиён таъкид доштанд, ки давоми солҳои 2022 – 2025 дар қаламрави вилояти Суғд 960 ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. 484 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида 978 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин нишондиҳандаи оморӣ бо оқибатҳои ногувор гувоҳи он мебошад, ки чораҳои амаликунандаи пешгирӣ самаранокии кофӣ надоранд. Сабаби асосии садамаҳо ба риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбат дода шуд. Вазъи таҳлилии он чунин мебошад; бо суръати баланд идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандагон 68,2 %, баромадан ба самти муқобили ҳаракат тахминан 15%, вайрон кардани қоидаҳои ҷойивазкунӣ ба истилоҳ манёрв 5%. Инчунин риоя накардани талаботҳои аломати роҳ, вайрон намудани қоидаи банавбат гузаштани чорроҳа, риоя накардани фосила, пешгузарии нодуруст, беэҳтиётӣ аз тарафи ронандагон ва пиёдагардон низ сабабҳои мусоидаткунанда ба ҳисоб мераванд.
Ба истинод аз таҳлили фаъолияти Комиссияи вилоятӣ таъкид гардид, ки паст будани маданияти иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ низ ба афзоиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мусоидат кардааст. Гуфта шуд, ки қисми муайяни ҳар се категорияи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ронанда, пиёдагард ва мусофир ба риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беэътинои зоҳир намуда, ба қоидавайронкуниҳои мунтазам, аз ҷумла зиёд кардани суръати ҳаракат аз меъёрҳои муайяншуда, убури чорроҳа ҳангоми сигнали манъкунандаи чароғакҳои роҳнамо, риоя накардани масофаи бехатар, истифодаи воситаҳои алоқаи мобилӣ ҳангоми идоракунии воситаи нақлиёт, убур намудани роҳ аз ҷойҳои хавфнок роҳ медиҳанд. Бо мақсади ҳарчи бештар коҳиш додани вазъияти баамал омада дастур дода шуд, ки ҷиҳати омӯзонидани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таваҷҷуҳ карда шавад.
Таъмини аломатҳо ва чароғакҳо дар роҳҳо, пешгири аз бунёди иншоотҳои халал эҷодкунанда дар шафати роҳҳои нақлиётгард, таъмири роҳҳои автомобилгард, расонидани кумаки тиббӣ ба онҳоеки ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ дучор шудаанд ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба таъминии бехатрии ҳаракат дар роҳ муҳокима гардида, ба аъзоёни ҳудудии комиссия дастур дода шуд, ки фаъолиятро ҷоннок ва аз ҳама воситаю имкониятҳо истифода баранд¸то ин ки ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ коҳиш ва ҳаёту саломатии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳифз карда шавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.



















