Шиносномасупории бо тантана ба хонандагон
Ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба низоми шиносномадорӣ ва чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ дар муасисаҳои таълимиро масъулини ХШБ шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров ба ҷузъи фаъолияти нақшавӣ ворид карда дар ин самт фаъолияти назаррас доранд. Чунки саривақт таъмин намудани хонандагон бо шиноснома ба риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар ҳудуди минтақаи хизматӣ таъсиргузор хоҳад буд. Ҳамингуна як чорабинии ботантана шиносномасупорӣ ба хонандагон дар МТМУ №7 ҷамоати дещоти Зарзамини ноҳия баргузор карда шуда хонандагони ба синни шиносномагирӣ расида ба пуррагӣ бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкукнандаи шахсият таъмин гардиданд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур аз тарфи намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Абдумалик Раҳимзода қоидаҳои шиносномадорӣ ва тамоми паҳлуҳои ба раванди ҳуҷҷатгузории он алоқаманд, нигоҳдорӣ ва истифодаи мақсадноки он дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Гуфта шуд, ки шиноснома мансубияти шаҳрвандии шахсро ифода карда бори аввал гирифтани он гувоҳии расидан ба синни камолот мебошад. қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар кардааст, ки шахси ба синни 16 сола расида уҳдадор аст ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият дошта бошад.
Иқдоми масъулини хадамоти шиносномадиҳии шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров имконият фароҳам овард, ки хонандагони МТМУ №7 ноҳия соҳибшиноснома шаванд ва ин рӯйдод ҳамчун омили расидан ба давраи камолот хотирмон гардад.
Ҳамингуна чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ аз тарафи масъулин ҳамзамон дар МТМУ №54 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарзамин, МТМУ №55 ва Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия баргузор карда шуд. Дар МТМУ №54 ба 37 нафар хонанда, дар МТМУ №55 ба 69 нафар хонанда ва дар муасисаи таълимӣ барои хонандагони болаёқат 67 нафар хонандагони ба синни шитносномагири расидаро бо шиноснома таъмин намуданд. Дар натиҷаи ташаббуси мазкур бе халал ёфтани раванди таҳсил хонандагон соҳиби шиноснома гаштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон, дар самти низоми шиносномадорӣ намояндагони МКД маълумоти аҳамиятноку заруриро расонида дар вазъияти тантанвӣ шиносномаҳоро ба соҳибонаш супориданд. Таъкид карда шуд, ки ҳамингуна чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки хизматрасонии онҳо ба ХШБ шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров вобаста мебошад ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.





















