Муқовимат бо савдои одамон тақозои замон Дар шаҳри Конибодом бо мақсади огоҳ кардани шаҳрвандон аз хавфу хатари шаклҳои гуногуни савдои одамон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо таҳти унвони “Муқовимат бо савдои одамон тақозои замон” аксия гузарониданд. Чорабинии мазкур характери иттилоотиву тарғиботи дошта оид ба хавфнокии ин зуҳуроти номатлуби ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон халал эҷодкунанда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Аъзоёни Комиссияи ҳудудии байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди МИҲД шаҳри Конибодом чорабинии мазкурро бо ҷалби ҷавонони фаъоли гуруҳи “Авангард” ва ихтиёриён (валантёрон) доир намуданд. Минбаъд низ чунин аксияҳо гузаронида хоҳад шуд. 03.03.2026 11:29 46 Дигар хабарҳо: Аз ҳиссиёти авбошӣ қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ 25.12.2024 10:11 Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ 02.12.2025 8:36 Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ 23.04.2025 8:15 Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ вобаста ба қитъаи замин 06.08.2024 18:41 Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар 08.08.2025 8:49 Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ 30.09.2024 15:43