Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриконуни маҳрум кардан аз озодӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони ғайриқонуни маҳрум кардан аз озодӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар хонаи истиқоматиаш қарор дошта, бо падараш пирамарди 79-солаи сокини ҳамон ҷо бинобар сабаби нофаҳмиҳо бо ҳамдигар муноқиша намуда, бо истифодаи банд ва скоч дасту пойҳо ва даҳони падарашро баста, аз 21-ум то 23-юми феврали соли 2026, дар яке аз ҳуҷраҳои хонаи истиқоматии худ ғайриқонунӣ бо истифода аз усули барои ҳаёт ва саломати хавфнок аз озоди маҳрум намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 131 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.03.2026 8:48
61