Дуздии маблағ аз дохили манзили истиқоматӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Н.Хусрав бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз 28-уми феврал то 1-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда аз онҷо 12 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19 ва ноболиғи 14-солаи сокинони ҳамин ноҳияи содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















