Муайян гардидани ҷинояти тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми ноябри соли 2025, дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” худашро ба қайд гирифта, бо зани 29-солаи сокини пойтахт дар шабакаи иҷтимоии дар боло зикр шуда шинос гардида, аз моҳи декабри соли 2025 то санаи 27-уми январи соли 2026, бо таҳдиди дар шабакаи иҷтимои паҳн кардани аксҳои ӯ, обу-рӯй ва эътиборашро дар назди аҳлу оилааш паст зада муносибати оилавиашро вайрон намудан, таввасути корти бонки “Душанбе-сити” маблағи 3 ҳазору 700 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “IPHONE-14” ки арзишаш 8 ҳазор сомонӣ, як ду адад ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 12 ҳазор сомонӣ мебошад бо роҳи тамаъҷӯи талаб карда гирифтааст.
Зарари расонидашуда 23 ҳазору 700-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.


















