Ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби милитсияи Суғд
Рӯзи 28 феврал бо мақсади дар амал тадбиқ намудани “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло ҳайати шахсии 18 шаҳру ноҳияи милитсияи Суғд ва ҷузъу томҳои ВКД дар ҳудуди минтақаи маъмурӣ шанбегӣ гузаронида ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар мавсими соли 2026 оғоз бахшиданд.
Дар мавзеъҳои гирду атроф ва гулгашту майдончаҳои биноҳои маъмурии хизматӣ, заминҳои хоҷагии ёрирасони дар тобеъияти шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошта ниҳолҳои ҳамешасабз, дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Ҳайати шахсӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид дастаҷамъона бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ниҳолшинонӣ карданд, то ин ки дар сабзу хуррамгардонии муҳити атроф саҳм гузоранд. Ниҳолҳо бо тавсияи мутахассисони соҳа аз хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дастрас гардида, ба иқлими минтақа мувофиқ мебошанд. Инчунин дар майдончаҳои зери дарахтон ва саҳни роҳравҳо сабза ва гулбуттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Бо мақсади нигоҳубин ва парвариши ниҳолҳо чораҳои зарурии обтаъминкунӣ андешида шудааст. Вазифагузорӣ карда шуд, ки нигоҳубинкунандагон аз шароити мавҷуда самаранок истифода бурда сарсабзии ниҳолҳои шинонидаро таъмин намоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки зимни ниҳолшинонӣ дар баробари риояи қоидаҳои агротехникӣ ба намуди ороишии боғу роҳравҳо ва мавзеъҳои сарсабз аз нигоҳи зебогӣ таваҷҷуҳ карда шуд.
Ниҳолҳои шинонидашуда ва сабзкориҳо метавонад дар оянда маконҳои хизматиро боз ҳам ободу зебо гардонад.
Ҳамингуна иқдоми ободкориву сабзгардонӣ дар ҳудуди факултети №4 Академияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд анҷом дода шуд. Дар масоҳати 4,2 гектар қитъаи дар тобеъияти факултети мазкур қарор дошта, ки қаблан аз истифода дур монда буд, боғи дарахтони мевадиҳанда, токзор ва гулгашти бо дарахтони сояафкан ороиш ёфта ташкил карда шудааст. Бо ташаббуси роҳбарияти факултет қитъаи мазкур аз сангпораҳо тоза ва аз дигар минтақа даҳҳо тонна хоки ҳосилхез оварданд, то ин ки мутобиқшавӣ ва нашъунамои дарахтон ба зудӣ сурат гирад. Корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ пурра аз тарафи омӯзгорон ва курсантон иҷро гардида минбаъд идома хоҳад ёфт. Дар марҳилаи аввали мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ наздик ду ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандае ба мисли бодом, гелос, шафтолу, чормағз, себ, анор, зардолу, олуча ва ангур шинонида шудааст. Ташаббуси мазкур дар оянда метавонад манбаи таъмини меваҳои тару тоза барои муассисаи таълимӣ гардад. Ҳамчунин сарсабзии дарахтони сояафкани шинонидашудаи арча, павлонӣ, лигустр ва гулбуттаҳои садбарг ба гирду атроф ҳусни иловагӣ зам хоҳад кард.
Барои сарфакорона обёрии боғ ва мавзеъи кабудизоргардида чораҳои зарурӣ андешида шуда, қубурҳои қутрашон гуногуни обинтиқолдиҳанда насб карда шудааст. Ин тадбир баҳри дар оянда бо об таъмин ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани ниҳолҳои шинонидашуда мусоидат менамояд.
Масъулини шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ва экологӣ дар вилояти Суғд низ дар мавзеъи бинои хизматӣ дар рӯзи шанбегии ниҳолшинонӣ 35 бех ниҳол шинониданд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати тадбиқи барномаи давлатии кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзкориҳоро идома хоҳанд дод.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.



































