Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш ҷавони 21, марди 42-солаи сокинони пойтахт ва “Ҳабиб” ном шахс, 23-юми феврали соли 2026, худро шарики ҶДММ «Инвенст сохтмон-2014» муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо мақсади фурӯши манзили истиқомати дар масоҳати 61-метри мураббаъ дар бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ қарор дорад, аз ҷабрдида 225 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати худ сарф намудаанд. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025, ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 162 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки писаронашро, ки нисбаташон дар ШВКД дар ноҳия бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, бо дастгирии шиносҳояш кумак намуда, аз толори суд озод менамояд, аммо ягон амалро иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.03.2026 8:26
28