Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати дуздии қисми эҳтиётӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон аризаи директори ҶДММ «Чжецзян Сзянхуэй», марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз амборхонаи ҷамъияти мазкур, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, 57-адад қуттиҳои қисми эҳтиётӣ пармакунии сангҳои саноатӣ, ки арзиши ҳар як қуттӣ 7 ҳазору 500-сомонӣ, ҷамъ 427 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, содир намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.03.2026 8:21
35