Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ вобаста ба мавзӯи муқовимат ба савдои одамон

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми феврали соли 2026 дар толори калони маҷлистгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, коллеҷҳо,  хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт вохӯрӣ вобаста ба мавзӯи  муқовимат ба савдои одамон  баргузор гардид.
Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, баромад карда, қайд намуд, ки мубориза ба савдои одамон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ буда, таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Ин зуҳуроти хатарнок на танҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки таҳдид ба амнияти иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эътибори давлат мебошад.
Ҳамзамон, дар ин ҷамъомад Аламшозода А.А. ба мавзӯҳои барои низоми давлатдорӣ аҳаммияти муҳим дошта, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гумроҳона шомил шудани баъзе аз ҳамватанони мо ба созмонҳои ифротӣ,  муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъадор, аз ҷумла паҳншавии навъҳои синтетикии он ба мисли кристал, метамфитамин, прегабалин (лирика) дар байни ҷавонон, ки мубталошавии чунин навъи нашъамандӣ метавонад ба қобилияти мардӣ таъсир карда, боиси заифмиҷозӣ, безурётиву хаёлпарастии ҷавонон  шуда,   дар пайи он муноқишаҳои хонаводагӣ ва пошхурии оилаҳо бавуҷуд меояд, авҷи бемори вируси норасоии масунияти одам (СПИД), ки насли инсониятро аз байн мебарад, мулоҳизарони карда ин муамморо ошкоро иброз дошт.
Дар раванди суҳбати озод вазъи имрӯзаи геополитикии ҷаҳон матраҳ гардида, хотиррасон карда шуд, ки бетаваҷҷуҳӣ ба масъалаҳои дар боло овардашуда ба амнияту осоштагӣ ва рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. 
Дар охир зикр гардид, ки ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон шаҳрвандонро мебояд, ки бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ намоянд ва танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ин зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намоем.

26.02.2026 9:25
81