Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

Рӯзи 26 феврали соли 2026 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо муфаттишони Раёсати тафтишотии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, ва таҳқиқотчиёни Хадамоти гумрруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.
Ҳамзамон ба ҷараёни семинари омӯзишии мазкур шарикони рушд аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Сафорати ШМА даъват шуда, дар рафти омӯзиш иштирок варзиданд.  
Семинар бо сухани ифтитоҳии раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз гардида, баъдан дар ҷараёни он масалаҳои мубрами доираи ошкоркунии ҷиноят,мурофияи ҷиноятӣ аз ҷониби омӯзгорон ва ширкаткунандагони чорабинии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар семинари омузиши олимону мутахассисони соҳави ҷалб гардида, мақсади доир кардани чорабинии мазкур ин тақвият додани таҷрибаи муқовимат ба савдои одамон, баррассии дигар масъалаҳо, аз қабили тафовути ҷинояти савдои одамон аз ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҷрибаи судӣ-тафтишотӣ дар самти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон, айнияткунонии қурбониёни ин ҷиноят, баррасмиятдарории мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, мушкилоти ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, ҳамчунин таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои қурбониёни савдои одамон ба ҳисоб меравад.

26.02.2026 12:09
182